Семинари минтақавии Суғд

«Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаи бабри барфӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-12 октябри соли 2019

Бо мақсади татбиқи Эъломияи Бишкек (2013, 2017) ва қатъномаи Катманду (2017) оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ, бо дарназардошти натиҷаҳои мулоқоти Тошканд (16-20 июли 2018 сол) ва пайгирӣ аз аҳдномаи Шэнжен дар бораи ҳифзи Глобалии экосистемаҳои бабри барфӣ (2018) ватакя ба барномаи ҳамкорҳои минтақавии мувофиқагардидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ (Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурияти Ӯзбекистон) дар семинари минтақавии Суғд бо иштироки Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Роҳбари Вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Хуҷанд, шахсони масъули ваколатдори соҳаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони кишварҳои аъзои Эъломияи Бишкек, Созмонҳои манфиатдори байналмилалӣ (Барномаи рушди СММ, Фонди Табиати Ёбоӣ (WWF) Русия, Барномаи Глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ (GSLEP), Табита Бидуни Сарҳад; ташкилоти байналмилалӣ дар Тоҷикистон: Иттиҳоди Аврупо, Фонди Оғохон “Хабитат”, Фауна ва Флора Интернешнл), ВАО, олимон ва мутахассисон (зиёда аз 50 иштирокчиён) оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ муҳокимаи масъалаҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ мавриди баррасӣ ќарор гирифт.

Дар семинар серӯза (10-12 апрели соли 2019), тибқи барномаи семинар проблемаҳои рўзмараи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи устувори экосистемаҳои бабри барфӣ дар сатҳи фаромарзӣ муҳокима карда шуданд. Мушкилоти бештаре, ки барои муҳокимаи рӯзномаи семинар баррасӣ шуданд, масъалаҳои мониторинг, таҳия ва нигоҳ доштани пойгоҳи маълумотҳо ва табодули иттилоот байни кишварҳои минтақа барои таъмини ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолиятҳои муштарак дар ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ, тақсимоти ҷуғрофии паҳншавии бабри барфи дар манзараҳои баландкуҳ, арзёбии хавфу таҳдидҳои мавҷуда ва роҳҳои эҳтимолии коҳиш додани таҳдидҳо, истифодаи методикаи ягонаи ташкили мониторинг ва назорат бо истифодаи системаи механизми мушаххас ва ҳисоботдиҳӣ (SMART патрулирование) ва системаи идоракунии иттилоотии илмӣ (SLIMS мониторинг), таҷрибаи кишварҳо дар омӯзиш ва ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ, дурнамои ҳамкориҳои байнисарҳадӣ дар самти ҳифзи экосистемаҳои баландкуҳ, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар кишварҳои иштирокчӣ буданд.

Иштирокчиёни семинари минтақавии Суғд натиҷаҳои ҷаласаҳои Бишкек-Катманду-Тошкент-Пекинро барасӣ намуда, кидар онҳо самтҳои ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва натиҷаҳои ҳар як кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла таҳияи низоми ягонаи мониторинги гуногунии биологӣ, мониторинги ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон; масъалаҳои марбут ба созишномаи байниҳукуматӣ ва оғози барномаи дастгирии системаи механизми мушаххас ва ҳисоботдиҳӣ (SMART патрулирование) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҷрибаи пешбурди мониторинги саршумори бабри барфӣ ва намудҳои шикории он дар Ҷумҳурии Қирғизистон; таҷрибаи тадқиқоти илмӣ ва мониторинги бабри барфӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон; таҷрибаи пешбурди мониторинг ва табодули маълумотҳо дар кишварҳои сукунати бабри барфӣ, ки аз ҷониби Котиботи Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ (GSLEP) пешниҳод шудааст; истифодаи технологияҳои муосир барои мониторинги бабри барфӣ дар Федератсия Росия ва чорабиниҳо оид ба тақвият додани иқтидори ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба аҳамияти ҳифзи гуногунии биологӣ дар минтақа муҳокима гардиданд.

Дар асоси зиёда аз 10 маърузаҳо, 30 рўнамоҳо ва филмҳои видеої иштирокчиён пешниҳодҳо намуданд, ки мунтазам вохӯриҳои минтақавӣ барои мубодилаи таҷрибаҳо ва ноил гаштан ба ҳадафҳои гузошта дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ваҷаҳонӣ доир гузаронида шаванд ва масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои байнисарҳадӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷоннок карда шаванд. Дар асоси масъалаҳои муҳокимашуда ва пешниҳодшуда, тарафҳо ба ақидаи умумӣ омаданд.

Қарори мазкур бо розигии якдилонаи иштирокчиёни семинари минтақавии Суғд «Ҷанбаҳои фаромарзиии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ» дар ш. Гулистон, санаторияи «Баҳористон», вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2019 қабул гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *