НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ДАР ПОЙТАХТИ КИШВАР

Рӯзи 5 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи  давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  ҷамъомади тантанавӣ  ва барномаи калони фарҳангӣ  ба муносибати   ҷамъбасти озмуни шаҳрии гулҳо  «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе доир  гардид.  Дар ин маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои эҷодиву маърифатӣ, кормандону мутахассисони боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва фаъолону аҳли ҷамоати пойтахт  иштирок  намуданд.

Озмуни “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе дар се номинатсия баргузор шуд. Дар озмун байни ноҳияҳои пойтахт ҷойи  аввал ва  Дипломи  дараҷаи 1 насиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  гардид.

Ба мақоми дуюм  ва Дипломи дараҷаи 2 –юм Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шарафёб гардид. Ҷойҳои сеюм ва дипломҳои дараҷаи 3 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Синои шаҳри Душанбе  сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ, инчунин барои саҳми арзанда дар офариниши чаманзор, гулзори беназир, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонӣ ва ғолибият дар озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм  насиби Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» ва Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон»-и  «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи сеюм  гардиданд.

Дар самти беҳтарин гулгашт Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  мақоми аввалро соҳиб шуд.

Ҷойи дуюм насиби Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо» — и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гардид.

Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро  соҳиб шуд.

Натиҷаи озмун барои саҳми арзанда  ва иштироки фаъолона  дар ободонию хуррамгардонии  пойтахт барои беҳтарин композитсияи гулҳо, саҳми арзанда гузоштан дар ободонию хуррамгардонии Боғи «Устод Рӯдакӣ» ва иштироки фаъолона  дар ин озмун  Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбоналӣ Алимардон бо «Ифтихорнома» ва Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ  барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии «Боғи ба номи Аҳмади Дониш» бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

 Хотиррасон менамоем, ки имсол аввалин маротиба дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2019  баҳри вусъат додани корҳои  ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии  шаҳр, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо ва  тарбияи ҳисси  зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе баргузор  гардид.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *