Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Кумита дар ободу зебогардонии мавзеи Сафед-Дара саҳми худро мегузоранд

IMG_1813

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари Олии мамлакат ва татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободу зебогардонии минтақаҳои сайёҳию истироҳатӣ рӯзҳои 19, 20-уми август бо сардории муовини Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидумрон Абдураҳмонзода дар мавзеи Сафед-Дараи ноҳияи Варзоб шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии мазкур аз Дастгоҳи марказии Кумита,  Раёсати ҳифзи мсуҳити зисти шаҳри Душанбе ва инчунин сардорону  дигар кормандони шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Тарсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб  иштирок доштанд, ки шумораи онҳо ба 55 нафар мерасид.

Дар чорабинии мазкур замини ҳудуди вобасташудаи мавзеи        Сафед-Дара барои гузаронидани мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2017 ва баҳори соли 2018 омода карда шуд. Тасмими гирифта шудааст, ки дар замини мавриди назар тақрибан 500 адад ниҳолони ороишиву сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда, ба мисли чормағз, себ, нок, сафеддор ва ғ. шинонда шавад. Иштирокдорон қитъаи мазурро нарму мулоим намуда, ба ҷойҳои муайяншудаи ниҳолшинонӣ  чуқурчаҳо канданд. Тасмим гирифта шудааст, ки замини номбурда барои нашъунамои хуби ниҳолон аз нуриҳои органикии табиӣ таъмин  карда шавад.