Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинарҳои бозомӯзӣ бо иштироки нозирони минтақавӣ

3

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2017 рӯзҳои  22-24 августи соли ҷорӣ дар бинои ҳукумати ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт бо иштироки нозирони минтақавӣ, бо шумури сардорону мутахассисони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш семинари бозомӯзӣ баргузор гашт.

Ба кори семинари бозомӯзӣ дар ноҳияи Тоҷикобод муовини Раиси Кумита Шарипова О. Т. оғоз бахшида, мақсад ва сабабҳои баргузории машғулияти мавриди назар, инчунин вазъи умумии фаъолияти мақомоти соҳавиро дар минтақа гӯшраси ҳозирин намуд.

Дар бозомӯзии чоррӯза ба нозирони минтақавӣ аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Кумита мавзӯъҳои зерин гузаронида шуданд:

-Низомнома, дастурамалҳои мансабӣ, нақшаи фаъолияти шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист: талабот барои таҳия, ташкили фаъолияти ҳаррӯза аз рӯи ҳуҷҷатҳои мазкур, ҷамъбасти рафти иҷрои онҳо ҳар семоҳа;

-Талаботи Дастурамали коргузорӣ дар ташкили ҳуҷҷатгузории  шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист;

-Тартиби таҳия ва барасмиятдарории санадҳо, протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

-Талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва вазифаҳои мақомоти соҳавӣ дар  иҷрои он;

-Идоракунии партовҳои истеҳсолию  истеъмолӣ дар корхонаю муассисаҳо ва вазифаҳои  мақомоти соҳавӣ дар таъмини  меъёрҳои  муқарраршуда;

-Қоидаҳои амалӣ намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои об дар вазифаҳои омодагӣ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»;

-Нақши мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар гузаронидани  мониторинги муҳити зист ва татбиқи сиёсати экологӣ дар маҳал;

-Пешбурди назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами  набототу ҳайвонот дар ҷойҳо аз ҷониби  мақомоти  ҳифзи муҳити зист;

-Вазифаҳои шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист ва дигар  мақомоти дахлдори ноҳияҳо дар иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба  ташкил  намудани системаи безараргардонии  ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ,  интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор»;

-Вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар тарбияи  кадрҳо, баланд бардоштани  масъулияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

-Вазифаҳои мақомоти соҳавӣ дар таъмини  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 «Дар бораи  татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020».

2Аз рӯи мавзӯъҳои номбурда Ҷӯраев А.-сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, Мамадусайнов С.-сармутахассиси Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ, Хайруллоев Р-сардори Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стакголм оид ба ифлоскунандаҳои  устувори органикӣ ва шуъбаҳои назоратӣ, Мардонов М.-сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо, Шарипов С.-мутахассиси пешбари  шуъбаи назорати давлатии  истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот, Сайфуллоев Н.-сармутахассиси кадрии Раёсати корҳо ва Сангов  И.-муовини сардори Маркази ахбори экологӣ баромад ва рӯйнамо (призентатсия)-ҳо намуданд.

Дар ин радиф, ҳамзамон, семинари таҷрибавӣ оид ба шиносоӣ бо тартиби ҳуҷҷатгузории шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт сурат гирифт. Нозирони минтақавӣ дар рафти муҳокимаронии мавзӯъҳои баррасишуда ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.