Баргузории аксияи «Тозагии соҳил-2019» дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Дар ду ҳафтаи нимаи аввали  моҳи апрели  соли 2019 аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ оид ба  рафти иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали  соли 2019, №10, ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 28-солагии   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо  корҳои муайян ба сомон расонида шуд.

Сокинони вилоят баҳри таҷлили сазовори  Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, соҳили дарёҳо, ҷӯйбору каналҳои магистралӣ ва гирду атрофи чашмаҳоро тоза мекунанд.

Марҳилаи аввали   аксияи «Тозагии соҳил-2019»  аз  санаи 31 марти соли ҷорӣ оғоз гардида,  рӯзҳои мувофиқ дар тамоми қаламрави вилоят баргузор гардида истодааст.                                                                                                 

Дар шаҳри Хоруғ  аксияи «Тозагии соҳил 2019»-ро ризокорон-ҷавонони шаҳри Хоруғ ва кормандони идораи дигари давлатӣ санаи  31 март оғоз намуданд. Дар ин рӯз зиёда аз 50 нафар ҷавонон  ва 15 нафар кормандони  идораи ИТРЕБ дар тоза намудани соҳили дарёи Ғунд иштирок доштанд.                  Аснои он зиёда аз 2 км соҳили дарёи Ғунд аз партовҳо тоза гардид. Санаи 13 апрели соли ҷорӣ аксия бо иштироки  100 нафар донишҷӯйёни Донишгоҳи Хоруғшаҳр ва 50 нафар  сокинони шаҳри Хоруғ баргузор гардид.  Дар натиҷа 3 км соҳили дарёи Ғунд дар ҳудуди шаҳр аз партовҳо тоза карда шуд.       Дар бурдани  7 м3 партовҳо ба партовҳои асосӣ  техникаҳои  корхонаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ ёрӣ расониданд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд. 

Дар ноҳияи Шуғнон бошад аксия дар таърихи 6 апрел дар деҳоти Поршинев дар деҳаҳои  Пашор, Миденшор ва Бувед  гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 90 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, ба масофаи 7 км  соҳили ҷӯйбору рудхонаҳо ва дарёҳо аз партов  тоза карда шуд ва  6 м 3 партов ба партовҷой интиқол дода шуд

Сокинони ноҳияи Рӯшон  низ аксияи «Тозагии соҳил»-ро рӯзи 6 апрел гузарониданд, ки дар он сокинони ноҳия ба тоза намудани соҳили ҷуйбору дарҳо, рудхонаҳо, чашмаҳо ҷалб карда шуданд.  Аснои он дар ноҳия  6 км соҳилҳо  поккорӣ  гардида,  миқдори 5м3 партов ба партовгоҳи асосӣ бурда шуд. Дар рафти аксияҳои гузаронидашуда зиёда аз 120 нафар сокинони ноҳия, махсусан толибилмон иштироки фаъол доштанд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ванҷ оид ба муташаккилона гузаронидани аксияи мазкур дар қаламрави  ноҳия Нақшаи чорабинӣ тартиб дода, чорабиниро дар сатҳи баланд гузаронид. Дар аксия зиёда аз 150 нафар сокинон  иштирок доштанд, ки саҳми  толибилмони муассисаҳои таълимии рақами 4,5,10-ро дар тоза намудани соҳили дарёи Ванҷоб, дарёчаи  ҷамоати Бунай, ҷўйборҳои маркази ноҳия қайд кардан бамаврид аст. Дар натиҷа 8 км соҳили дарёҳо аз партов тоза  карда шуда, 10м3 партов ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқаъла дар гузаронидани аксия хеле фаъол буда, марҳилаи аввали аксия 13 апрели соли ҷорӣ оғоз гардид. Аз аксияи мазкур дар ноҳия чунин натиҷагирӣ карда шуд: дар тоза намудани соҳили дарё, рўдхонаҳо ва ҷўйборҳо  70 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок дошта, зиёда аз 5 км соҳили дарёҳо тоза шуда, 8м3 партовҳои маишӣ ба партовгоҳ бароварда шуд.                                                                                                          

Дар аксия гузаронидашудаи  ноҳияи Дарвоз  200 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 8 км соҳили дарёҳо аз партов  тоза карда шуда, 10 м3 патовҳо ба партовгоҳи асосӣ  кашонда шуд.  

Дар ноҳияи Ишкошим  дар аксия 50 нафар шаҳрвандон иштирок дошта, 4 км сохили дарёҳоро аз партов тоза намуданд ва ба миқдори 3м3 партовҳоро ба партовгоҳи асосӣ  бароварданд.

Дар маҷмўъ дар ҳудуди вилоят 43  км соҳилҳо тоза  карда шуда, 49м3 партов ба партовгоҳ бароварда шуд. Дар чорабинии мазкур  895 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд. Ин маъракаи муҳим тариқи телевизиони Бадахшон намоиш дода шуд.  

Аксияи  «Тозагии –соҳил 2019» даршаҳру ноҳияҳои қаламрави вилоят бомаром  идома дорад.                                                                                                                                                                                    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *