Аз рафти баргузории аксияи «Тозагии соҳил – 2019» дар н. Восеъ

30 марти соли 2019 дар ҷамоати деҳоти М. Вайсов дар деҳаи Чорбоғ ва кӯчаҳои ба номи Рустами Холалӣ, А.И Синов, С. Вализода ва ҷамоати шаҳрак, корхонаи  коммуналии н. Всоеъ,  аксияи «Тозагии соҳил -2019» гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур  қубурҳои обгузари кӯчаҳои шаҳрак ва ҷӯю каналу заҳбурҳои байни деҳаҳои ҷамоатҳо аз ҳаргуна партовҳою  ифлосиҳо тоза карда шуд.  Дар аксияи гузаронидашуда  720 нафар  кормандони касбу кори гуногун ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуда, 2300 метр ва ба миқдори 12 м3 партовҳо ба воситаи 2 адад техника ба партовгоњи шањрак кашонида безарар гардонида шуд. Чорабинии мазкур аз тарафи телевизиони мањаллии «Мавҷи озод» ба навор гирифта шуда, намоиш дода шуд.

Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб бо шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иқдом гирифтааст, ки ҳар ҳафта аксияи «Тозагии соҳил — 2019»-ро то моҳи сентябр баргузор намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *