Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба муаррифии Тафсири сеюми натиҷаи фаъолияти экологии Тоҷикистон

IMG_1907

25 августи соли 2017 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ  мизи мудаввар роҷеъ ба баррасии Тафсири сеюми натиҷаи фаъолияти экологии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори он муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо Андрей Василев ва муовини Раиси Кумита Шарипова О.Т. иштирок намуд. Тибқи рӯзномаи  мизи мудаввар аз ҷониби ҳамоҳангсози тафисри мазкур Юлия Тромбитская пешниҳодҳои коршиносони байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилотҳои экологии дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда, рӯйнамо (презентатсия)   карда шуд.

Иштирокдорони мизи мудаввар дар атрофи ин тафсир фикру ақидаҳояшонро иброз намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур аз намояндагони вазорату идораҳо дахлдор таклиф ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалишавии тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода, беҳдошти вазъи экологии ҷумҳуриро  таъмин карда шавад.