Дар маҷлиси назоратии назди Раиси Кумита

8 апрели соли равон бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳо, марказҳои дастгоҳи марказӣ, Агентии обуҳавошиносӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Кумита маҷлиси назоратии ҳафтаи назди Раиси Кумита баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси Кумита Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оғоз намуда, тибқи тартиби кори маҷлис ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Абдусалим Ҷӯраев шунида шуд. Ҳамчунин, масъулони раёсатҳо, шуъбаю марказҳо ва муассисаҳои илмии Кумита доир ба фаъолияти кори худ дар ҳафтаи сипаригашта ҳисобот доданд.

Сипас, Раиси Кумита сабаби  ноиҷро мондани баъзе бандҳои протоколи маҷлиси назоратии қаблиро аз ҷониби сохторҳои зертобеи Кумита пурсон гардида, супориш дода шуд, ки масъалаи мазкур омӯхта, тибқи тартиби ҷорӣ баёноти хаттӣ пешниҳод карда шавад.

Инчунин, изҳори нигаронӣ карда шуд, ки ҷаримаҳои басташудаи самтҳои назорати давлатӣ аз ҷониби баъзе сохторҳои тобеи Кумита дар шаҳру ноҳияҳо, тибқи тартиби муайяншудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳамин гуна муносибат ба пешбурди кор  боис мегардад, ки маблағҳои аниқи ситонидашуда равонаи буҷет нагашта, номаълум боқӣ мемонанд. Бо назардошти ин, ба сардорони шуъбаҳои назорати давлатӣ супориш дода шуд, ки дар муҳлати 10 рӯз ҳолатҳои ошкоргардида ва муносибати хунукназаронаи масъулони дахлдор муайян гардида, ба Раиси Кумита маълумоти дахлдор пешниҳод карда шавад. Инчунин,  супорида шуд, ки масъалаи самти назорати давлатӣ оид ба ҷаримаву ситонидани зарар ва дигар пардохтҳои экологӣ дар 3 моҳи ҳисоботӣ таҳлилу ҷамъбаст гардида, аз натиҷааш маълумот манзур гардонда шавад.

Ба директории Агентии обуҳавошиносии Кумита Ҳ. Расулзода супорида шуд, ки сабаби ҳолатҳои табиии баамаломадаро саривақт пешгӯӣ намуда, ба тариқи расонаҳои хабарӣ аҳолиро огоҳ созад. Аз экспедитсияи ченкуниҳои барфу пиряхњо маълумоти заруриро мувофиқи мақсад роҳандозӣ намуда,  ба дархосткунандагон пешниҳод намояд.

Ба сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера С. Судуров ва сардори Маркази ахбори экологӣ Г. Тиллоева супорида шуд, ки ҳарчӣ зудтар оид ба алоҳида корхонаҳои ҷануби кишвар, ки ба муҳити зист аз меъёри муқарраргардида чанг ва дуди ғализ партофт мекунанд, чораандешӣ намуда, ҳолати воқеии ин намуди корхонаҳоро дар телевизион инъикос намоянд.  

Ба масъули шуъбаи назорати давлатии ҳифз ва истифодаи олами набототу ҳайвонот Ҳ. Аҳроров супорида шуд, ки ҳолати ғайри мақсаднок шикор намудани моҳиро дар обанбори Қайроққум санҷида, маълумоти дақиқро аз натиҷаи тадбирҳои мақомоти соҳавӣ манзур гардонад.

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об вазифадор карда шуд, ки чорабиниҳоро ҷиҳати тарғибу ташвиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба таври зарурӣ роҳандозӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт бо воситаҳои ахбори омма  пурзӯр намояд.

Ҳамзамон, Раиси Кумита оид ба чорабиниҳои экологие, ки тули ҳафтаи равон дар кишварҳои минтақа баргузор гардиданд, таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, таъкид карда шуд, ки ҳар як иштироккунандаи мақомоти соҳавӣ бояд пеш аз ҳама пешниҳодҳое дарҷ намоянд, ки ба манфиати миллӣ њал карда шаванд.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳо, супоришҳои додашуда ва  таклифу пешниҳодҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои дарҷгардида, қарори дахлдори рӯзномаи маҷлис қабул карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *