Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми байналмилалӣ доир ба ҳифзи Бабри барфӣ ва экосистемаҳои он

Picture1 copy

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо сарварии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хайрулло Ибодзода дар Форуми байнамилалӣ доир ба ҳифзи Бабри барфӣ ва экосистемаҳои он, ки 24–25 августи соли 2017 дар қароргоҳи давлатии Ала-Арчаи  шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир гардид,  ширкат намуд.

Дар анҷумани мазкур намояндагиҳои ҳукуматии кишварҳои дорои Бабри барфӣ аз 12 давлати дунё,  аз чумла Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Казоқистон, Қирғизистон, Россия, Чин, Непал, Бутан  ва Муғулистон ва зиёда аз 600 нафар донорҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ ширкат намуданд.

Ҳадафи асосии Анҷуман  ин қабули Эъломияи Бишкек доир ба ҳифзи Бабри барфӣ ва экосистемаҳои он буда,  дар доираи он  бояд то  соли 2020  20 минтақаҳо (ландшафтҳо)-и Бабри барфӣ нигоҳ дошта,  саршумори ин ҷонвари нодир барқарор карда шавад.

Дар Анҷумани сатҳи баланд, Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода  аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи миннатдорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиботи Барномаи Бабри барфӣ, намояндагони давлатҳои дорои Бабри барфӣ арзи сипос гуфта, оид ба амалӣ намудани Эъломияи Бишкек, ландшафтҳо ва экосистмаҳои Бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки сарзамини Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии зисти ин ҷонвари нодир дар Осиёи Миёна ба шумор рафта,  дар тақрибан 280-300 адад Бабри барфӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ҳифзу нигоҳдории ин ҷонвари нодир ва экосистемаҳои он чораҳои зарурӣ андешида,  кушишҳои зиёд ба харҷ дода истодаанд. Аз тарафи Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ва Академияи илмҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Нақшаи миллии амал доир ба ҳифзи Бабри барфӣ ва экосистемаҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида¸ дар ин самт барои беҳтар намудани иқтидори кадриву техникии кормандони ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи  табиӣ корҳои назарас амалӣ мегарданд.

Дар ҷараёни Анҷуман Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалию донорҳо ва дигар шахсони расмӣ вохурию суҳбатҳо доир намуданд.