Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Хайрулло Ибодзода бо Паата Ҷанелидзе

IMG_1954

29 август  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо коршиноси байналмилалӣ Паата Ҷанелидзе мулоқот  намуд. Ҳадаф аз вохӯрии ҷонибҳо гузаронидани арзёбии  ниҳоии лоиҳаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид/Бунёди экологии ҷаҳонӣ «Таҳкими зарфият дар соҳаи иттилооти экологӣ ва системаи назорат дар Тоҷикистон» мебошад.

Дар вохӯрӣ роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои оянда ҷиҳати таъмини рушди устувори  лоиҳаи мазкур  ибрози назар карда шуд.