Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Хайрулло Ибодзода дар конфронси вазирони Минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором

Рӯзҳои 5-8 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкок Конфронси вазирони Минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором баргузор гардид. Дар конфронс Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш — СММ, ЭСКАТО, ЮНЕП ва Ҳукумати Тайланд барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки чунин вохӯриҳо барои табодули афкор ва таҷриба доир ба ҳолати мавҷудаи соҳаи ҳифзи муҳити зист, роҳҳои амалишавии принсипҳои рушди устувор дар кишварҳо ва минтақаҳо  имконият муҳайё мекунад.   

Тавре дар суханронии Х.Ибодзода қайд гардид, «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариши рушди соҳибихтиёрии худ қарор дорад ва бо боварӣ муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии худро дар доираи принсипҳои демократӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ бунёд мекунад. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои пешгирии таъсири манфии муҳити зист заминаи зарурӣ пешбинӣ заминаи зарурӣ шудааст. Ҳамаи ин дар маҷмуъ бо иқтидори мавҷудаи инсонӣ ва асоси институтсионалӣ – ҳуқуқӣ  барои гузариши Тоҷикистон ба иқтисоди «сабз» мусоидат мекунад.

Дар баробари ин баъзе масъалаҳое, ки барои таназзулёбии муҳити табиӣ,  мусоидат мекунанд, ҳаллу фасли худро тақозо мекунанд.

Вазифаи асосие, ки дар марҳилаи рушди имрӯзаи кишвар истодааст, — таъмини ҳифзи муҳити солим дар баробари пеш бурдани иқтисодиёт мебошад.

Хайрулло Ибодзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки масъалаи истифодаи самаранок ва идоракунии захираҳои обӣ яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар барои рушди устувор маҳсуб меёбад. 98%-и истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба неругоҳҳои обии барқӣ рост меояд. Ҳамин аст, ки партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2-3%-ро ташкил мекунад. Ҳамчунин зимни суханронӣ Х. Ибодзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба лоиҳаҳои бузург, мисли КАСА-1000, вобаста ба иҷроиши Созишномаи Париж аз ҷониби Тоҷикистон, қабул шудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ҷалб намуд.      

Аз ҷумла дар суханронӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Ин хатарҳо бештар хусусияти байналмилалӣ дошта, ҳамкории якҷояи кишварҳоро дар сатҳи байналмилалӣ тақозо мекунад.   

Х. Ибодзода дар интиҳои сухан таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба ташаббуси нави ҷониби Тоҷикистон оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ декабри соли 2016 пазируфта шуд, ҷалб намуд ва изҳори боварӣ кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои ҳалли масъалаҳои таъминот бо об ва ҳифзи муҳити зист, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор якҷоя кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.