Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_2234

26 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати  озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва ба нурҳои ҳаётбахши худ имрӯзу фардои  мардуми шарифи моро мунаввар мегардонад.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Чорабиниро муовини Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода оғоз намуда, кормандони соҳавӣ ва меҳмононро ба ин санаи муқаддаси миллӣ табрику наҳният гуфт. Дар сухани табрикотии хеш С. Абдураҳмонзода қайд кард, ки дастоварди бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол  таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тӯли 26 соли  соҳибистиқлолӣ ин барқарор намудани  сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву  ватандорӣ дар миёни тамоми  табақаҳаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Дар чорабинӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки байни шоирону нависандагон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, имсол ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист эълон гардида буданд, диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.   

Мақсади ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ байни аҳли эҷод ва ВАО ин баланд бардоштани  маърифати экологии аҳолӣ, ҷалб ва ҳавасманд гардонидани  онҳо дар тарбияи экологии мардум ва ҳифзи муҳити зист мебошад.