Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули қонунҳои муҳим талаботи замон аст

Screen Shot 2017-09-08 at 5.28.34 PM

Вобаста ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо дархосту пешниҳодҳои сокинони мамлакат ва мулоқоти баргузоргардидаи сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён шуда, ҷамъомад бо кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид.

Дар ҷамъомад  мафҳум ва муҳимияти  қонуни қабул шуда, бо тағйиру иловаҳо баррасӣ гардида, қайд  карда шуд, ки риояи талаботҳои қонуни мазкур муҳим буда, он ба беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинон, пешгири ва кам кардани хароҷотҳои зиёдати ва манъ намудани баъзе маросимҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд