Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масъалаҳо оид ба риояи қоидаҳои истихроҷи сарватҳои маъмули умум

2324243

13 сентябр маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зистиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар маҷлис сардорони сохторҳо ва мақомоти зерсохтори  Кумита аз Дастгоҳи Марказӣ, ш. Душанбе; ноҳияҳои он, сардорону дигар масъулони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, сардорони баъзе шуъба ва  бахшҳои алоҳидаи тобеи Раёсати ҳифзи муҳити  зисти вилояти  Хатлон иштирок намуданд.

Паз аз пешниҳоди баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис дарҷшуда аз ҷониби Раиси Кумита Х. Ибодзода  сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо паровҳо М. Мардонов  дар самти  фаъолияти мақомоти  маҳаллии ҳифзи муҳити зист, дигар мақомоти дахлдор, ширкату корхонаҳо оид ба риояи қоидаҳои истихроҷи сарватҳои маъмули умум баромад намуд. Дар суханронии Мардонов М. фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти риояи талаботҳои экологӣ ҳангоми истихроҷи канданиҳои маъмули умум мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Номбурда аз ҷумла қайд кард, ки барои  ҷой доштани камбудиҳо дар ин самт масъулони маҳаллии ҳифзи муҳити зист низ айбдоранд. Бо овардани мисолҳои мушаххас аз санҷишҳои қаблӣ дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав зикр карда  шуд, ки дар масъалаҳои ҷарима, зарар, амрияҳои иҷроияшон ҳатмӣ беаҳамиятӣ зоҳир гардида, талаботи баъзе бандҳои Кодекси замин  иҷро намегарданд. Ҳолатҳои бе ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарорӣ фаъолият кардан низ ҷо доранд.

  Раиси Кумита Х. Ибодзода дар ҳошияи суханронии М. Мардонов аз он эрод гирифт, ки гоҳо қуму шағал аз дарёҳо бетартибона гирифта мешавад.  Мақомоти соҳавӣ  бояд фаъолиятро бо дигар сохторҳои дахлдор дуруст ба роҳ монад, то мушкилиҳои ҷойдошта дар оянда ҳалли пурраи худро ёбад. Бинобар ин, Раиси Кумита ба масъулони сохторҳои соҳавӣ дар ҷойҳо супориш дод, ки дар муҳлати 1 моҳ масъалаҳои мавриди назарро дар ҷойҳо ҳаллу фасл намуда, иҷроиши супориши протоколиро таъмин намоянд, вагар на, барои муҷозот пешниҳод карда мешаванд.  Раиси Кумита пешниҳод намуд, ки  масъалаи мазкур барои баррасӣ дар рӯзномаи ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи    9-моҳаи Кумита дар соли ҷорӣ дигрбора гузошта шавад.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзноиаи маҷлис ҳисоботи масъули китобхонаи ҷамъиятии Кумита  Шукуров А. шунида шуд. Қайд карда шуд, ки бо фармоиши  Раиси Кумита аз моҳи марти соли 2016, №-25 китобхонаи ҷамъиятӣ таъсис гардид.

Дар китобхона то имрӯз китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои соҳавӣ ва маҷаллаю брашураҳо, ба миқдори 378 адад ҷамъоварӣ шудааст.  Пешниҳод  карда шуд, ки дар дигар сохторҳои соҳавӣ низ китобхонаҳо ташкил гарданд, то ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон мусоидат намояд.     

Дар охири маҷлиси назоратӣ инчунин масъалаҳо дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тарзи либоспӯшии кормандони Кумита баррасӣ гардиданд. Аз рӯи масъалаи   тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сардори Шуъбаи экспертизаи давлатии экологӣ Шукуров Исфандиёр   ва дар бораи тарзи либоспӯшии кормандони Кумита раиси Шӯрои занони Кумита Худойназарова Г. баромадҳо намуда, масаъалаҳои ҷориро мувофиқи қонуну қарорҳои ба тозагӣ қабулгардида шарҳу талқин намуданд.

Қайд гардид, ки аз рӯи масъалаҳои ҷорӣ дар назди Кумита гурӯҳи корӣ фаъолият менамояд, ки ба кормандон оид ба иҷрои бенуқсони талаботҳои қонуни номбурда машварату  тавсияҳо медиҳад.

Маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро баррасӣ намуда, оид ба ҳар яки он қарорҳои  дахлдорро қабул кард.