Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинарҳои бозомӯзӣ бо иштироки нозирони минтақавӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2017 рӯзҳои  13-15 сентябри соли ҷорӣ бо нозирони  шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Кумита семинари бозомӯзӣ гузаронида шуд.

Ба кори семинари бозомӯзӣ дар ҷойҳо Директори МД ММ татбиқи Конвенсияи Стокголмии СММ оид ба ифлоскунандаҳои устувори  органикии  Кумита Хайруллоев Р. оғоз бахшида, мақсад ва сабабҳои баргузории машғулияти мавриди назар, инчунин вазъи умумии фаъолияти мақомоти соҳавиро дар минтақа гӯшраси ҳозирин намуд.

Дар бозомӯзӣ ба нозирони минтақавӣ аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Кумита мавзӯъҳои зерин гузаронида шуданд:

— Низомнома, дастурамалҳои мансабӣ, нақшаи фаъолияти шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист: талабот барои таҳия, ташкили фаъолияти ҳаррӯза аз рӯи ҳуҷҷатҳои мазкур, ҷамъбасти рафти иҷрои онҳо ҳар семоҳа;

— Талаботи Дастурамали коргузорӣ дар ташкили ҳуҷҷатгузории  шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист;

— Тартиби таҳия ва барасмиятдарории санадҳо, протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— Талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва вазифаҳои мақомоти соҳавӣ дар  иҷрои он;

— Идоракунии партовҳои истеҳсолию  истеъмолӣ дар корхонаю муассисаҳо ва вазифаҳои  мақомоти соҳавӣ дар таъмини  меъёрҳои  муқарраршуда;

— Қоидаҳои амалӣ намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои об дар вазифаҳои омодагӣ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»;

— Тартиби таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавии ҳифзи муҳити зист. Тартиби банақшагирии фаъолият ва пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба натиҷаи фаъолият;

— Пешбурди назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами  набототу ҳайвонот дар ҷойҳо аз ҷониби  мақомоти  ҳифзи муҳити зист;

— Вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар тарбияи  кадрҳо, баланд бардоштани  масъулияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

— Вазифаҳои мақомоти соҳавӣ дар таъмини  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 «Дар бораи  татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»;

— Талаботҳо  ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ».

Аз рӯи мавзӯъҳои номбурда Хайруллоев Р. — Директори МД ММ татбиқи Конвенсияи Стокголмии СММ оид ба ифлоскунандаҳои устувори  органикии  Кумита,  Қосимова Г. — Сардори шуъбаи Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ,  Мамадусайнов С.- сармутахассиси Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ, Мардонов М.-сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо, Аҳроров Ҳ.-сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии  истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот, Маҳмадаминов С. — сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, Сайфуллоев Н.-сармутахассиси кадрии Раёсати корҳо,  Тиллоева Г. — сардори Маркази ахбори экологӣ ва Халилоҷ Ҷ. — сардори шуъбаи экспертизаи маводҳо оид ба истифодаи сарватҳои табиӣ баромад ва рӯйнамо (призентатсия)-ҳо намуданд.

Нозирони минтақавӣ дар рафти муҳокимаронии мавзӯъҳои баррасишуда ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.