Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАШРИ ДУЮМИ КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СЕ ЗАБОН АЗ ЧОП БАРОМАД

3

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст.

Соли 2016 барои бо забонҳои русӣ англисӣ баргардондани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Раиси Кумита ба имзо расид. Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ганҷ» ва бо сифати баланд ба табъ расида буд. Дар Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки рӯзҳои 7-9 октябри соли 2016 баргузор гардид, нашриёти «Ганҷ» барои «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинтасияи «Беҳтарин ороиш, сифат ва бандубаст» ғолиб дониста шуд. Китоби мазкур дар асоси матни «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олами наботот ва ҳайвонот, нашри дуюм — 2015», ки ба он 267 намуди растаниҳо аз олами наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта дохил карда шудааст, омода гардидааст. Матни тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва САҲА баргардонида шуд.

2Таҳрири техникӣ ва ҳамзамон ислоҳоти матни русии Китоби Сурхро, ки сармутахассиси Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шуҳрат Саидмуродов ба уҳда дошт, зимни мусоҳиба ба хабарнигори «Инсон ва табиат» гуфт, ки дар омода кардани китоб шахсони зерин: Саидасан Мамадусайнов, Авидзба Рубен, Дӯстов Диловаршо, инчунин дизайнер ва саҳифабанди нашриёти «Ганҷ» Артем Гулевский саҳми муносиб гузоштанд.

Китоб дар ду ҷилд – Олами наботот-ҷилди 1 (590 саҳ.) бо теъдоди 2000 нусха ва Олами ҳайвонот –ҷилди 2 (494 саҳ.) бо теъдоди 2000 нусха, дар маҷмуъ – 4000 нусха аз чоп баромад. Моҳи октябри соли равон Китоби Сурх ба дасти хонандагон хоҳад расид. Директори нашриёти «Ганҷ» Ҳаким Хушвахтов зимни суҳбат иброз дошт, ки Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коғази баландсифати истеҳсоли Финландия чоп шуда, вазни ҳар як китоб тақрибан 3-4 кг-ро ташкил медиҳад. Китоби Сурх ҳуҷҷати давлатӣ буда, ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисон: ботаникҳо ва зоологҳо, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат тавсия карда мешавад.