Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Мушовараи навбатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2323

Санаи 10. 10. 2017 ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти  Кумита дар нуҳ моҳаи соли 2017 ва  вазифаҳо оид ба ҷамъбасти сазовори  соли 2017 баргузор гашт. Дар ҷаласа сардорони сохторҳои Дастгоҳи марказии  Кумита, раёсату шуъбҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои тобеӣ марказ, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар масъулони иҷрои конвенсияҳо ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода рӯзномаи ҷаласаро пешниҳоди ҳозирин намуд.  Аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2017 сухан ба муовини Раиси Кумита Абдураҳмонзода С.  дода шуд. Дар баромади мавсуф тамоми паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои  Кумита дар ҷойҳо мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд. Дар ин баробар натиҷаҳои назаррасу камбудиҳои ҷойдошта дар назди масъулони иҷро ҳаллу фасл гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ҳисоботи директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳ., сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон М. Назаралиев, Хатлон  Ш. Раҳимов, Суғд  Б. Абдумаликов , шаҳри Душанбе Раҳимов Н. ва шуъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита шунида шуд.
Дар ҷаласаи Мушовара намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло — сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳамбастагӣ ба муҳокимаи масъалаи баррасишуда ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи Мушовара тасдиқ гардид.