Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ

Screen Shot 2017-10-16 at 10.12.30 AM copy

Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вобаста ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барнома «Маърифати экологӣ дар оила» бо гуруҳи занони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо маркази ОРХУС-и шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ барпо гардид.
Дар семинари омузишӣ муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Назарова З. М., иштирок намуда, дар бораи самту вазифаҳои маърифати экологӣ дар оиларо баррасӣ намуда, доир ба ташаккули таҷрибаи шахсии иҷтимоии мутақобилаи инсон ба муҳити зист бударо барои аз худ кардани дониш, маҳорат ва таҷрибаи доштаро, барои иштироки шахсии ҳар як узви оила дар ҳалли мушкилотҳои экологӣ ва кам кардани таъсирот ба муҳити зистро таъмин намудан суханрони намуд.
Ба омӯзиши кӯдакон оид ба баланд бардоштани малакаи муносибати эҳтиёткорона ба манзили худ, ҳайвоноти хонагӣ, растаниҳо, истифодаи об, қувваи барқ, маҳсулоти хурокворӣ ва истифодаи такрории партовҳои маишӣ аз тарафи ҳар як аъзои оила, робитаи ҳаррузаи байни рафтори инсон ва ҳолати муҳити зистро дарк намуда, байни муассисаҳои томактабӣ ва оилаҳо робита бояд барпо карда шавад.
Чунин семинари илми амалӣ бо донишҷуёни факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав дар мавзӯи «Конвенсияи ОРХУС оид ба ҳуқуқҳои эгологии шаҳрвандон» ва «Принсипу механизмҳои иқтисоди сабз» баргузор гардид, ки барои баланд бардоштани малакаю дониши экологии донишҷуён замина муҳаё намуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши экологии оилаҳо ва донишҷӯён вохуриҳо баргузор карда, дар онҳо мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист шомил гардад.
Инчунин дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-марти соли 2011 №97 «Оид ба қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо» муносибат бо партовҳои истеъмолӣ ва таъсири онҳо ба саломатии инсон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.