Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон

Screen Shot 2017-10-16 at 10.24.24 AM copy

Дар доираи иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», тибқи нақшаи чорабиниҳои комиссияи вилоятии байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ «Маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ», Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Савият ва Адолат» дар мавзӯи «Саҳми кучаки ман дар наҷоти сайёраи замин» бо иштироки омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар барпо намуд.
Дар чорабинии мазкур партовҳо, ки масъалаи аввалиндараҷа дар ҷаҳон мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳод гардид, ки тибқи лоиҳа дар мавзӯи «Ҷалб кардани диққати хонандагон ба ҳалли мушкилотҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист», таъсиси маҳфилҳои экологӣ, семинарҳои нақшофарӣ ба мушкилотҳои ҳифзи муҳити зист, муомилот бо партовҳо, намоишҳои театрии хонандагон ва ташкили экскурсия ба Боғи ботаникии шаҳри Душанбе пешниҳодҳо шуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии мактаббачагон ва тағйир ёфтани муносибати онҳо ба муҳити атроф мусоидат намуда, барои ташаккул ёфтани фарҳанги маърифати экологии наврасон замина мегузорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радиои вилоятӣ ҳар моҳ дар шабакаи телевизионии вилоят мизи мудаввар таҳти лавҳаи «Ҳифзи табиат –ҳифзи ватан аст» баргузор мегардад, ки дар он мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва маъорифи вилоят, аъзоёни комиссияи вилоятӣ, омузгорону донишҷуёни Донишгоҳу Донишкадаҳои вилоятӣ, иштирок намуда, оиди масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти он фикру мулоҳизаҳои худро иброз менамоянд.
Ҳамин гуна чорабиниҳои экологӣ дар вилоят идома дорад.