Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҳифзи табиат-ҳифзи ватан аст»

Screen Shot 2017-10-16 at 10.26.40 AM copy

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати маъорифи вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» семинарии омӯзишӣ дар мавзӯи «Маърифати экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» бо иштироки мушовирони шуъбаҳои маориф оид ба муассисаҳои томактабӣ, мудирон ва мураббиёни боғчаҳои кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд.
Дар семинари омӯзишӣ оид ба амалӣ гардонидани талаботҳои бандҳои дахлдори Барномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд гардид, ки имрӯз дар тамоми дунё ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки рушди ҷомеа, некуаҳволӣ ва саломатии одамон аз он вобаста аст.
Мушкилоти экологӣ дар замони муосир характери глобалӣ гирифта истодааст ва маорифчиёни вилоят вазифадоранд, ки насли наврасро дар рушди ватандустӣ, дӯст доштани табиат тарбия намоянд, иброз доштанд иштирокчиёни семинари омӯзишӣ.
Дар семинар мураббиёни боғчаҳои кӯдакона дар баромадҳояшон ҳадафи асосии тарбияи маърифати экологиро дар муассисаҳои томактабӣ, ки он аз солҳои аввали зиндагӣ тарбия кардани инсондустӣ, қобилияти дарк ва дӯст доштани табиат ва муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ва ташаккули системаи замонавии арзишҳо нисбат ба муҳити атроф буда, оиди шаклу усулҳои тарбияи насли наврас гуфта гузаштанд.
Қайд гардид, ки инкишоф ва тарбияи кӯдак бо роҳҳои шиносоӣ бо олами табиати хушманзари мо, майсаҳои сабз, гулу гулбуттаҳои рангоранги тару тоза, дарахтон, паррандагон, ҷалб намудани онҳо ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ кумак ба калонсолони оила, нигоҳубини ҳайвонҳои хонагӣ ва растаниҳо буда, мураббиён метавонанд аз адабиётҳои кӯдакона, афсонаҳои халқӣ, расмҳо истифода бурда, суҳбату ҳикояҳо намоянд, то онҳо дар бораи ҳайвоноту паррандаҳо, растаниҳо ва ғайра маълумот пайдо намоянд. Дар майдонҳои озмоишӣ дарахтони гуногун, сабзавот, гулу гулбуттаҳо сабзонида, ба нигоҳубини парранда ва парвариши харгушҳо ба роҳ монда шудааст, ки барои рушди тарбия аз манфиат дур нест.
Инчунин пешниҳод гардид, ки намоиши саҳнаҳои театри лухтак ташкил карда шуда, дастури таълимию методӣ барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ таҳия гардад.
Дар семинар сардори Раёсати маорифи вилоят Д. Исоев ва сармутахассиси ахбори экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Р.Тураев иштирок ва суханронӣ намуданд.