Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони давлатӣ – рукни асосии давлат ва миллат аст

Screen Shot 2017-10-16 at 10.28.16 AM copy

Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ҷамъомад барпо гардид, ки дар он муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Назарова З.М. баромад намуда, забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, ки нишони давлату давлатдорӣ мансуб меёбад ва тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд «Мо аз ин мерос ифтихор мекунем ва ин ифтихор масъулияту эҳтироми хосаро низ тақозо дорад, ки масъулияти ҳар фарди тоҷикро дар назди мероси аҷдодони худ ва эҳтироми ҳар Тоҷикистониро дар назди давлати соҳибистиқлоле, ки номаш Тоҷикистон ва забони давлатиаш забони тоҷикӣ аст, бояд баланд бардорад» баён намудааст, амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаю бахшҳои дар маҳал буда, тибқи муқаррароти қонуни мазкур лавҳаву овезаҳои иттилоотӣ, коргузории соҳавӣ, истифодаи пурраи забони давлатӣ дар технологияи компютерӣ, назорати риояи адоби сухан ва гуфтор, чорабиниҳо аз қабили конференсияю семинарҳо ва озмунҳо бо забони тоҷикӣ доир мегардад.
Дар баробари дигар самтҳо бо пайдоиши забон, нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар вақти муошират роҳандозӣ гардида, ҳангомӣ гузаронидани озмунҳои байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои тозагии забон, истифодаи дурустии имлоҳои забони тоҷикӣ ва мафҳуми забони давлатӣ аҳамияти ҷидди дода мешавад.
Тамоми лавҳаҳо ҳуҷҷатҳои тарғиботию ташвиқотӣ, номгӯи дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва вожаҳои экологӣ тибқи талаботи муқарраргардидаи қонуни забон ба роҳ монда шудааст ва дар амалӣ гаштани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳо андешида мешаванд.