Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Раёсат дар нуҳ моҳи соли 2017

Screen Shot 2017-10-16 at 10.30.06 AM copy

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар ҷаласаи Мушовара, ки 6 октябри соли 2017 баргузор гардид, оид ба фаъолияти соҳа дар  9-моҳи соли ҷорӣ ва бурду бохти фаъолияти самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи мушовара муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода С.Н. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии Дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Муродов  И., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми баргузории ҷаласа доир ба рафти иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳо, пурзӯр намудани самти назорати давлатӣ ва ислоҳи камбудиҳое, ки дар ҷаласаи мушовара баён гардидаанд,  дастур дода шуд, ки таҳти назорати доимӣ қарор дода шаванд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур ҳисоботи мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, А. Ҷомӣ, Ёвон, Панҷ, ва Ҷайҳун шунида шуданд.

Баъд аз муҳокимаи масъалаи баррасишуда ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои додашуда қарорҳои дахлдори ҷаласаи мушовараи Раёсат қабул карда шуд.