Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Истифодабарии оқилонаи об — кафолати таъмини рушди устувор» дар доираи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

IMG_2680

20 октябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодабарии оқилонаи об — кафолати таъмини рушди устувор» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия намояндагону коршиносон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ, ҷамъиятиву ғайридавлатӣ ва мақомоти зерсохтори Кумита иштирок намудунд.
Конфренсияро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Кумита Х. Ибодзода оғоз намуда, дар бораи аҳамияти қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милалӣ Муттаҳид оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмлалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», баромад намуданд.
Раиси Кумита Х. Ибодзода ба иштирокдорони Конференсия санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Қоидаҳои ҳифзи обҳои рӯизаминии Тоҷикистон ва Қоидаҳои ҳифзи обҳои зеризаминии Тоҷикистонро ки ба ифтихори Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушти устувор, солҳои 2018-2028» таҳия гардидаанд, рӯинамоӣ намуданд.
Сипас Муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо, муовини Вазири Энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон, мувоини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва дигар шахсони расмӣ баромад намуда, аз ин ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар рафти кори Конференсия намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳои илмию соҳавӣ баромад намуда, доир ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи обу беҳдошти ҳифзи муҳити зист дар ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон ибрози назар карданд.