Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумита ғолиби «Ҷои беҳтарин» дар самти сохтмони майдончаи варзишӣ гардид.

IMG_2748

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи «Сохтмони  майдончаҳои варзишӣ» ғолиби «Ҷои беҳтарин» дониста шуда, аз ҷониби Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни мазкур, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода Шаҳодатнома, Ҷоиза ва мукофоти пулӣ ба Раиси Кумита Х. Ибодзода  супорида шуд.

Хотиррасон мекунем, ки озмуни номбурда дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, №АП-862, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, 9-ф оид ба «Беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба  корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва барқароркунии боғҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба 26-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.

Тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе» сохтмони майдончаи варзишӣ  дар шаҳраки 82, хиёбони Нусратулло Махсум, назди биноҳои  истиқоматии 73/2 ва 73/3и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шуда буд.

Кумита барои сохтмони майдончаи варзишии мазкур ҳуҷҷатҳои лозима, аз қабили сертификати замин ва лоиҳаи сохтмонии майдончаро омода намуд. Ҳамзамон барои сохтмони майдончаи варзишӣ, харҷнома ва лоиҳаи майдончаро КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии Душанбешаҳрсоз» ба маблағи 869, 51 ҳазор сомонӣ пешниҳод намуд. Майдончаи варзишӣ ва саҳни бозии кӯдакон бо сифати баланди сохтмонию меъморӣ сохта ба истифода дода шуд.  Масоҳати умумии қитъаи замин 6000м2-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла масоҳати майдончаи гимнастикӣ ва бозии кӯдакон 570м2, масоҳати роҳраву майдончаҳо 710 м2 буда, масоҳати умумии гулгашт  ва кабудизоркунӣ 4180м2 мебошад.

Дар мавзеи мазкур  ва атрофи майдонча 10 ҳазор дона гулҳои ҳархела, 176 адад дарахти туя, 56 адад межевелник, 12 адад сосна ва 10 адад барбарис шинонида шуд. Масоҳати кабудизоркунӣ дар алоҳидагӣ 2600 м2-ро ташкил мекунад.

Илова бар ин, бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ корҳои иловагӣ барои таъмини 1 адад айвонча  (беседка), 800 м2 таъмири роҳравҳои иловагӣ, 8 адад қуттӣ барои партов, 6 адад нимкат, 4 ҷуфт банбинтон, 1 адад айвон барои бозии шоҳмот, 2 адад миз барои бозии шоҳмот, 3 адад сарбом (зонт) барои майдончаи бозии кӯдакон, 1 адад тахтаи деворӣ бо 4 адад нимкати нишаст барои бозии кӯдакон, 4 адад камераҳои назоратӣ бо базаи идоракунӣ, 1 адад даромадгоҳ (дарвоза бо роҳраваш), 1 адад таҷҳизоти варзишии тақвиятдеҳи мушакҳо, 53 адад овезаҳои расмдор дар  гирду атрофи майдонча, 1 адад таҷҳизоти варзишӣ (груша) барои тақвияти муштҳо  (бокс), гузаронидани хати об бо истифода аз насоси обкашӣ дар тамоми мавзеи обёришаванда анҷом дода шуданд.