Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хайрулло Ибодзода кормандонро барои ғолиби «Ҷои беҳтарин» шудани Кумита дар озмуни ҷумҳуриявӣ шодбош гуфт

22688395_1643677589035754_6259269211802027938_n

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода кормандонро барои ғолиби «Ҷои беҳтарин»  шудани Кумита дар наминатсияи «Сохтмони  майдончаҳои варзишӣ»  шодбош гуфт. Ҷоизаи ғолибият, Шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25 октябри соли 2017 дар вазъияти тантанавӣ ба Х. Ибодзода  супорида шуд.

Хотиррасон мекунем, ки озмуни номбурда дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017, №АП-862, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, 9-ф оид ба «Беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти  давлатӣ, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба  корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, кабудизоркунӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва барқароркунии боғҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба 26-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.  Тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе» сохтмони майдончаи варзишӣ  дар шаҳраки 82, хиёбони Нусратулло Махсум, назди биноҳои  истиқоматии 73/2 ва 73/3и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста карда шуда буд, ки бо сифати аъло сохта ба истифода дода шуд.

IMG_2752

Дар маҷлиси тантанавии Кумита Х. Ибодзода ин ҷоизаи ифтихориро, ки аз номи Сарвари давлат ба Кумита супорида шуд, натиҷаи фаъолияти пурсамар ва заҳматҳои  аҳлонаи кормандон номид ва ҳозиринро ба ин ғолибият аз номи Роҳбари давлат шодбош гуфт.

Дар ҷамъомад аз ҷониби аксари кулли иштирокдорон  пешниҳод карда шуд, ки мукофотпулии мазкур  ба ягон мактаб-интернатҳо ва  ё хонаҳои пиронсолону маъюбон барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити ин қишри заъфпазири ҷомеа сарф карда шавад. Пас аз суханҳои табрикотӣ ва баррасии масъалаи ҷорӣ қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.