Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи асари бунёдии «Забони милат-ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

IMG_2768

27 октябр дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи асари бунёдии «Забони милат-ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боргузор гардид, ки дар он роҳбарият, сардорону дигар кормандони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва марказҳои Кумита иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро муовини Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода баён дошт.
Сипас Ибодулло Сангов-муовини сардори Маркази ахбори экологӣ дар мазӯи номбурда муфассал маърӯза кард. Қайд гардид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони модарии мо ниҳоят бузург аст. Асарҳои таълифшуда, ақида ва пешниҳодҳои мавсуф дар ин бобат ҳам хусусияти назариявӣ ва ҳам амалӣ доранд. Махсусан китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» бо истифода аз асарҳои муътамади илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳодот аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

IMG_2770Китоби мазкур соли 2016 дар остонаи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ нашр гардида, рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри 13 инъикос менамояд.
Дар симинар, ҳамчунин сардори шуъбаи Экпертизаи экологӣ Халилов Ҷ. оид ба моҳияти қабул ва амалияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маърӯза намуд.
Дар охир вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида соволу ҷавоб сурат гирифта, баромадкунандагон ба суолҳои пешниҳоднамудаи кормандон ҷавобҳои мушаххас доданд.