Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хайрулло Ибодзода кормандони Кумитаро ба 23-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд

IMG_2794

3 октябр Хайрулло Ибодзода-Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кормандонро дар чорабинии тантанавии бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон табрик намуд.

Дар сухани табрикотии худ, Х. Ибодзода қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷати таърихиест, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, дар он муносибати давлат ва шахсиятҳо, озодии сухан, виҷдон ва рафтору кирдори ҳар як шаҳрванд ба таври амиқ ифода гардидааст.  Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав фароҳам оварда, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, ба асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳо мусоидат менамояд. Дар яке аз суханрониҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба Рӯзи Конститутсия қайд гардидааст, ки: «Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст,  бунёд кардани давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи  хусусиятҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад».

IMG_2805Дар чорабинии тантанавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ш. Душанбе  Файзуллозода З. иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф ба Раиси ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи муҳити зист» Х. Ибодзода барои пешбурди фаъолияти ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Дар интиҳои маҷлис ба аъзоёни нави ҳизб Саидов В., Судуров С.,Тиллоева Г., Қурбонов В.,Эргашева Г.,Шоева Н., Раҳмонов Р. ва Орифова А.  шаҳодатнома ва нишони сарисинагии ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.