Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши н. Мастчоҳ

Бинои Мастчох 2017

Дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти н. Мастчоҳ кушода шуд. Дар расми ифтитоҳи  он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода, кормандони зерсохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ва Раиси ноҳияи Масчоҳ Ғайрат Азиззода иброз доштанд, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвари маҳбубамон айни замон раванди ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мехоҳад бо дастовези арзанда ҷашни 25-солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумьурии Тоҷикистонро истиқбол гирад. Ифтитоҳи бинои наву хуштарҳ дар ноҳияи Мастчоҳ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, ки аз тарафи ЧДММ «Фаворит», дар муддати кӯтоҳ сохта  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Ба истифода  додани бинои тозабунёди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ дар остонаи идҳои миллии ҷумҳуриамон  басо рамзист.

Ин ҳама ободкориҳо самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ мебошанд.