Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма

Чамъбаст

13 ноябри соли равон дар толори маҷлисии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва                 25-солагии Иҷлосияи ХУ1-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятии «Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон»  байни кормандони воситаҳои ахбори омма бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода баргузор гардид. Озмуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ эълон гардида буд. Дар  даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯи  номинатсияи «Бахши радио» корманди радиои “Тироз” И. Бобоев, дар номинатсияи «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Ҷаҳоннамо» Равшан Мирзоёров ва СМ-1 Мафтуна Шукурова сазовори мукофот ва ифтихорномаҳои Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон  гардиданд.

Дар сатҳи вилоятӣ дар номинатсияи «Бахши телевизион»  корманди телевизиони «Азия» А. Босолиев, дар «Бахши маводи матбуот» — рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда”, дар «Бахши маводи радио» — Ахмедов Раҳимҷон корманди радиои «Садои Хуҷанд» ғолиб дониста шуданд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар озмуни вилоятӣ, ҳамкории доимӣ ва инъикоси масъалаҳои экологӣ телевизиони вилояти Суғд, мухбири радиои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон» дар вилоят Сабоҳат Иброҳимова,  хабарнигори рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» Худоёр Ҷабборов, рӯзномаи вилоятии «Ризқофарин» бо ифтихорнома ва мукофотҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ  гардиданд.