Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо садорати Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон

Ит. Касаба

14 ноябр дар толори конфронсии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси  Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Қодир Қосим вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ роҳбарият ва кормандони Кумита, зерсохторҳои он, инчунин намояндагони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, ба таври мушаххас дар бораи фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи Дастгоҳи марказии Кумита маълумот дод. Қайд гардид, ки Кумитаи иттифоқи касабаи муҳити зист фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, Созишномаи Генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, Созишномаи соҳавӣ байни Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи маркази иттифоқи касабаи комплексии агросаноатии Тоҷикистон, Шартномаи комплексӣ ва нақшаи кори Кумитаи иттифоқи касаба  ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзоёни иттифоқи касабаи соҳа ба роҳ монда, дар ин самт  то инҷониб корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Баъдан Раиси  Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Қодир Қосим ва роҳбари Маркази иттифоқи касабаи  комплексии агросаноатии Тоҷикистон дар бораи нақшу ҳадаф ва масъалаҳои марбута суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ байни роҳбарони сохторҳо табодули афкор сурат гирифта, изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд фаъолият ва робитаи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон бо намояндагони кумитаҳои онҳо дар сохторҳои марбута боз ҳам  қавӣ  гардонда мешавад.