Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии Барномаи тарбия ва маърифати экологӣ дар ҷаласаи Комиссияи вилоятӣ

Моҳи ноябри соли 2017 Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологии вилояти Хатлон дар ҷаласаи худ рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели  соли 2015, №178 «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»-ро  баррасӣ намуд.

Сараввал аъзои Комиссияи вилоятӣ-муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Лутфуллоев С. оид ба  таъмини иҷрои боби 3.3, «Маърифати экологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ»-и нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ҳисобот дода, қайд намуд, ки  дар ин раванд корҳои зиёде ба анҷом расонида, дар баробари ин ҷиҳати тақвият додани сатҳи донишу малакаи масъулини соҳаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои вобасташудаи Барнома баҳри амалӣ гардидани   «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилоят дар давраи то соли 2020» чораҳои зарурӣ андешида шавад шавад.

       Аз рӯи масъалаи баррасигардида ҳисоботи комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба  тарбия ва маърифати экологии шаҳру ноҳияҳои Норак, Сарбанд, Шаҳритуз ва Шамсиддин Шоҳин дар таъмини иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 майи соли 2015, №123 дар бораи Барномаи зикргардида шунида шуд.

      Дар рафти ҷаласа оид ба ҷой доштани камбудиҳо дар иҷроиши бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои вобасташудаи Барнома дар шаҳру ноҳияҳои номбурда ишора гардида, ҷиҳати рафъи онҳо дар муҳлати кутоҳтарин, супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Сипас муовини раиси Комиссияи вилоятӣ-сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир ба татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон дар давраи то соли 2020 гузориши муфассал пешниҳод намуд.

     Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида ҷиҳати иҷрои Барнома ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта ҷаласаи Комиссияи вилоятӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.