Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соати сиёсӣ “Парчамат поянда бод”

IMG_7061

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Атаева Х.Н. ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят соати сиёсӣ доир гардид.

  Пас аз суханони ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсат Ӯрунов Р.Т. қайд намуд, ки дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишвари азизамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як  санаи  таърихӣ- Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр аст бо хатти заррин сабт гашт ва ҳар сол ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас ҳисобида мешавад. Ҳар яки мо ифтихор аз он дорем, ки зери парчами пурифтихори Тоҷикистони азиз кору зиндагӣ дорем ва ба он ватандӯстона эҳтиром зоҳир менамоем.

  Сипас намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд Атаева Ҳ.Н. сухан намуда, зикр намуд, ки Парчами миллӣ нахустнишони муқаддаси ҳар як кишвару халқ аст, он симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Нақши Парчам дар таърихи ҳар як давлат ба таври хоса арҷгузорӣ карда шуда, маҳз зери Парчами худ кишварҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд. Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери Парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзуву мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки Парчами миллии тоҷикон таърихи чандинҳазорсола дорад. Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост. Бигузор то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем.