Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби «сабз» дар шаҳри Норак

IMG_2941

22 ноябри соли ҷорӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоати деҳоти Чортути  шаҳри  Норак  баъд азнавсозӣ ифтитоҳ гардид.  Дар расми кушодашавии он намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи маорифи шаҳри Норак, хонандагону омӯзгорон, кормандони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию вилоятӣ иштирок намуданд.

Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо ба лавозимоти зарурӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо САҲА сурат гирифт. Баҳри татбиқи Лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо  оид ба  ҷойгиронии  гармидиҳии муфид корҳои сохтмонӣ  дар ду қитъаи  нав ва куҳнаи муассисаи таълимии номбурда амалӣ гардид. Иморати нави мактаб барои  синфҳои меҳнат деворҳои холиро ташкил мекард. Болопуши бом ва тирезаҳо шинонда шуданд. Деворҳои синфхонаҳо ба масофаи  5 см ва шифти муассисаи мазкур 8 см бо таҷҳизоти сохтмонии гармидиҳанда  таъмин карда шудааст. Шифти он бошад,  тавассути маводи сохтмонии карамзитдор барои сарфаҷӯии энергия то 10 см рупӯш карда шуд.  Ба синфхонаҳо ба иқтидори 2, 4 кВт  таҷҳизоти равшанидиҳанда гузаронида шуд.  Барои кор 2 адад комютер бо принтерҳо  таъмин карда, ҳамзамон  1 адад дари махсуси  гармидиҳанда насб карда шуд. Тамоми синфхонаҳо  бо фурӯзонакҳои каммасраф таъмин гардиданд. Аз ҷониби Кумита ба мактаб  таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мизу курсиҳои замонавӣ, дасгоҳҳои қолинбофӣ ва атласу адрасбофӣ, мошини аверлок, таҷҳизот барои таълими меҳнат, тахтаи электронӣ, тафдон ва компютерҳо дастрас карда шуданд.

123142Ҳамаи ин чорабиниҳо ба он хотир аст, ки нерӯи барқ барои  гарм кардан дар фаслҳои зимистон ва  сард  кардан дар  тобистон   ду маротиба камтар сарф мегардад.

«Умед дорем, ки таҷрибаи ин  мактаби «сабз»-и экологӣ чун намунаи беҳтарин  минбаъд дар мактабҳои дигари ҷумҳурӣ паҳн карда мешавад»-иброз дошт зимни суханронии худ муовини Раиси Кумита Ойхон Шарипова.

Дар чорабинӣ, байни хонандагони синфҳои болоӣ виктаринаи экологӣ сурат гирифта,  аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтаринҳо  Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикстон ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Омӯзгорон ва ханандагони муассисаи таълимӣ мазкур ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои  таваҷҷуҳи доимиашон ҷиҳати донишандӯзии ҷавонону наврасон изҳори миннатдорӣ намуданд.