Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чарабинӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам 24. 11. 17

24 ноябр дар саросари кишвари соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рузи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Соли 1992 ҳамин рӯз дар Иҷлосияи 16-и таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои асосии давлати тоҷикон Парчами давлатӣ қабул гардид. Имсол 25-солагии ин воқеаи муҳими давлатиро мардуми шарифи Тоҷикистон бо ифтихормандӣ қайд менамоянд.

Ба ин муносибат дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода кормандонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборабод намуд. Зимнии суханронӣ Х. Ибодзода қайд кард, ки соли 2009 бо иқдоми бевоситаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ  эълон шуд ва дар солҳои минбаъда он ҳамасола бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Дар чорабинӣ таъкид гашт, ки  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони гузаштаамон ва таҷассумгари мақсаду мароми  мо дар роҳи эъмори демокративу ҳуқуқбунёд аст. Ба ҷо овардани эҳтиром нисбат  ба муқаддасоти миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад, зеро Парчам рамзи хоси Истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии  миллат аст.