Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод ба истифода дода шуд

ифтитохи БХМЗ н. Нуробод 23. 11. 17 (сурати 2)

23 ноябр дар арафаи таҷлили 25-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бинои нави Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод ба истифода дода шуд. Дар расми кушодашавии бинои мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова, Раиси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Нуробод Ҳасан Тақдир, директори Агентии обуҳавошиноси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ҳ. Расулзода иштирок намуданд. Дар назди бинои ҷашнӣ ҳозиринро муовини Раиси Кумита  О. Шарипова ва роҳбарияти ноҳия  бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуданд. Баромадкунандагон таманнои онро доштанд, ки  Тоҷикистони азизи мо зери Парчами миллии худ, таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди шукуфоиву тараққиёт расида, нуфузу эҳтибори байналмилалии он боз ҳам зиёд гардад.

ифтитохи БХМЗ н. Нуробод 23. 11. 17 (сурати 1)Дар ноҳия шабакаи нави боду ҳавосанҷӣ низ ба фаъолият пардохт. Мусаллам аст, ки соҳаи ҳифзи муҳити зист ва обуҳавосанҷӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, таъмини саломатии одамон нақши муҳим дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои рушди соҳа, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи ду соли охир дар ҷумҳурӣ сохтмони 23 биноҳои нави замонавии мақомоти маҳаллии  ҳифзи муҳити зист ва дигар иншоотҳо сохта ва қисми зиёди онҳо ба истифода супорида шуданд.

Бинои маъмурии Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод низ яке аз иншоотҳои сохташудаи солҳои охир буда, дорои  8 утоқҳои корӣ мебошад. Пудратчии сохтмон ҶДММ  “Дилафрӯз” буда, корҳои сохтмониро дар ин иншоот бо сифати хуб ба иҷро расонидааст.

Шароити хуби кории кормандони Бахш барои иҷрои масъулиятноки вазифаҳои хизматии онҳо мусоидати фаъол менамояд.