Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_3195

22 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе» чорабинии идона бахшида ба 25-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар доираи татбиқи сиёсати ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, хосатан ғамхоронаи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бемарасторон, табақаи эҳтиёҷманд, маъюбону пиронсолон аз ҳисоби маблағи мукофоти Камитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ишғол намудани ҷои беҳтарин дар сохтмони «майдончаҳои варзишӣ» дар шаҳри Душанбе барои бошандагони МД «Маркази минтақавии хизмати ичтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе» таҷҳизоти зарурӣ ва ҷевонҳо, ҷои ҷомашӯӣ бо 2 адад мошинаҳои ҷомашӯӣ, роҳравҳои дохили муассиса сохта дар Рӯзи Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд.
IMG_3178Дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаи мазкур аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе зиёфати ҷашнӣ ташкил карда шуд. Нафақахӯрони даргоҳ аз Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошандагони Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе» барои фаъолияти шоён дар самти ҳифзи муҳити зист, фаъолияти пайваста баҳри тозагиаву озода нигоҳ доштани ҳудуди «Хонаи меҳр»-и шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ба Сипосномаи Кумита сарфароз гаштанд.