Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

2

29 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зист ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ду масъала — оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14. 12. 2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст ва вазифагузориҳо барои фаъолияти мибаъдаи комиссия баррасӣ карда шуд.
Дар рафти ҷаласа аз тарафи раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ фаъолияти комиссияҳои ҳам вилоятӣ ва ҳам маҳаллӣ таҳлил гардида, оид ба ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт супоришҳо дода шуд.
Барои такон бахшидани раванди иҷроиши амр ва қарори Раиси вилоят, андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби Раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ вазифагузориҳои мушаххас барои иҷрои комили Барнома дарҷ карда шуд.