Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффо»

Маводи сайт 2

22 ноябри соли равон дар коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба иҷрои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02. 04. 2015, №178, тасдиқ шудааст, конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари обҳои мусаффо» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур мутахассисони Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукуров Абдумумин, Саидурфони Қутбиддин ва сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Тураев Раҳмоналӣ ширкат варзиданд. Дар конфронс ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва иттилоотии экологии табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони болозикр дар бораи мавзӯи интихобгардида ва захираҳои табиӣ баромадҳо шунида шуд. Ҳамзамон барои истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Баргузор намудани чунин чорабиниҳои марбутаи экологӣ ба ҷавонони кишвар дар бораи обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат манфиатовар хоҳад буд.