Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Кумита Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо карданд

2

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамошои дастаҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумита аз ҷониби кормандон хуб пазироӣ гардид. Инчунин тамошои дастаҷамъонаи Паём дар мақомоти зерсохторҳои Кумита дар ҷойҳо таъмин гардид.

Дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси зикр аст, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он, инчунин ҷиҳати таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Тибқи Барномаи семинарҳои бозомӯзии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2018 дар Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти зерсохтори Кумита омӯзиши матни  Паёми Роҳбари давлат дар моҳҳои январ ва феврал ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаҳои иҷтимоӣ ва баланд  бардоштани  сатҳи некӯаҳолии мардум, ки  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли соли 2016 супориш дода буданд,  корҳои назаррас амалӣ гаштанд. Яке аз пешниҳодҳое, ки Сарвари давлат дар Паёми қаблӣ карда буданд, ин эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» буд, ки эълони пешниҳоди мазкур рӯҳияи ҷавони кишварро, ки қисми зиёди аҳолии мамлакатро ташкил мекунанд, баланд барошт. Ҷавонон сазовор буданашонро  барои таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ нишон дода, мафҳуми «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-ро  шиори ҳамешагии худ қарор доданд ва дар корҳои ободониву созандагӣ, гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Дар доираи  Соли ҷавонон дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, варзишӣ, олимпиадаҳои мактабӣ,  барномаҳои консертӣ ва дигар намоишҳо доир гаштанд, ки барои тарбияи маънавии ҷавонон  мусоидат намуданд.

Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат вазифаҳои мушаххасро пешорӯи мардуми кишвар  гузоштанд ва ҳар як шахсро зарур аст,  ки тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат ба сӯи фардои дурахшон иқдоми устувортар ба ҷо гузорад.

Барои боз ҳам рушд намудани ҷомеа  дар назди мо вазифаҳои муҳим истодаанд ва моро зарур аст, ки оид ба ҳар як нуқтаи  дар Паём зикргардида  андеша намуда, аҳлона  вазифаҳои худро  иҷро намоем. Мушкилоти ҷомеаро дар ҳамбастагӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари давлатӣ ҳалу фасл намуда,  баҳри  амалишавии ҳадафҳои  ниҳоӣ кӯшиш  ба харҷ диҳем.