Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017

2

Дар ҷаласаи  Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 январи  соли ҷорӣ баргузор шуд, фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита ва мақомоти зерсохтори он дар соли 2017 натиҷагирӣ гардида,  вазифаҳо барои соли  2018 муайян карда шуданд.

Бо маърузаи ҳисоботӣ Раиси Кумита Х. Ибодзода баромад карда, дар баробари арзёбии муваффақиятҳои бадастомада, инчунин камбудиву норасоиҳои ҷойдошта баён гаштанд.

Дар баробари ин мушкилоте, ки  дар самти пешбурди назорати давлатӣ, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои барномаҳои амалишаванда, назорати ҳолати партовҳо, лампаҳои симобдори аз истифода баромада, пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи табиат, аз қабили пешгирӣ аз буриши номатлуби дарахтон ва  дигар камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа масъулини  мақомоти Кумита дар ҷойҳо  оид ба самти фаъолияти худ ва масъалаҳои ҳалталаб пешниҳоду гузоришҳо  доданд.

Раиси Кумита Х. Ибодзода оид ба ҳолати экологии  баъзе шаҳру ноҳияҳо эрод гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин  дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар кори ҷаласа муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Алимардон иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз шунидани ҳисоботҳо, муҳокимаи таклифу пешниҳодҳо ва баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо қарори дахлдори ҷаласаи  Мушовара қабул карда шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин вазифаҳо баҳри омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои дар он зикргашта мавриди таҳлилу баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Дар робита ба ин масъала муовини Раиси Кумита Шарипова Ойхон он нуктаҳое, ки ба масъалаҳои обу экология, таъсиси маркази пиряхшиносӣ  марбут аст, инчунин ҳамкориҳои Кумита бо дигар сохторҳои давлатӣ дар самти беҳдошти муҳити зист маъруза намуд.

Аз ҷумла зерсохторҳои Кумита дар ҷойҳо вазифадор карда шуданд, ки матни Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистонро мавриди  омӯзиш қарор дода,  оид ба дастуру супоришҳои дар Паём зикр гардида,  нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд.