Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинарҳои бозомӯзӣ оид ба нуктаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома дорад

1

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар мақомоти давлативу ҷамъиятӣ Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи фаъолияти худ қарор дода, вобаста ба он нақшаи чорабиниҳои худро рӯи даст мегирад, зеро Паём ҳамчун қутбнамо барои расидан ба ҳадафҳои олии  созандаву бунёдкоронаи халқу миллати тоҷик ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад, имрӯзҳо вобаста ба нуктаҳои Паём дар Дастгоҳи марказии Кумита ва зерсохторҳои он дар ҷойҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Чунончи 23 январ дар толори васеи Кумита машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Дар семинар масъалаи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволӣ, вазифаҳои минбаъдаи  рушди соҳаи  иҷтимоӣ, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 ироа гардид, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Баромадкунандагон  мавзӯи мавриди назарро ҳамаҷониба шарҳу маънидод намуда, аз ҷумла афзуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат аз ҳама нуктаи муҳим, ки таъкид шуд ин таъмин будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик буд. Ин тамоюл имкон дод, ки  мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидори нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ дар оянда аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ гузаштан мебошад.  Дар ин сурат вазъи экологии мамлакат чӣ гуна хоҳад буд?

Имрӯз ҳолати партовҳоро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чӣ гунна арзёбӣ мекунед?

Назорат аз болои Қонуни ҶТ «Дар бораи лампаҳои симобдори аз истифода баромада» дар ҷумҳурӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст.

Раванди кабудизоркунӣ, назорат ва ҷамъоварии маълумотҳо оид ба   кабудизоркунӣ дар  ҷойҳо ба кадом тариқ сурат мегирад.