Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Нишасти матбуотӣ

demo-image-default

Мувофиқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату  идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2017, №26/10-221  рӯзи 25 январи соли 2018 дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони васоити ахбори омма, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2017 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои давлативу мустақил иштирок доштанд.

Дар рафти нишаст хабарнигорон бештар ба масъалаҳои пешбурди назорати давлатӣ  дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, насби камераҳои назоратӣ вобаста ба тозагӣ дар ҷойҳо, пешгирии сӯзондани партовҳо, ба роҳ мондани коркарди дуюмбораи партовҳо, оид ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои (рейдҳои) фаврӣ, ҳолати ҳифзи ҷангалҳо, муомилот бо партовҳои маишӣ, миқдори ҷаримашудагон дар самти дарахтбурӣ, оид ба ваколатҳои Кумита, сабабҳои гармшавии ҳаво дар зимистони имсола ва пешгӯиҳои минбаъда дар ин самт, фаъолияти Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, миқдори захираҳои барф, муносибат бо партовҳои электронӣ, дар бораи таъсири зарари истихроҷи сурма ва сурб ба аҳолии ноҳияи Айнӣ, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера бо кишварҳои ҳамсарҳад, ҳолати экологии баъзе шаҳру ноҳияҳо, инчунин ба пешгӯии обуҳавошиносӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи муҳити зист  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Нишасти матбуотӣ Раиси Кумита, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва масъулини дигари сохторҳои Кумита иштирок намуда,  ба суолҳои сершумори  хабарнигорон посух доданд.