Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти журналистони тоҷик дар фотоозмуни минтақавии Осиёи Марказӣ дар мавзӯи тағйирёбии иқлим

2

     Рӯзҳои 24-25 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдори давлатии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим» конфронси байналмилалӣ баргузор гашт.

      Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносону мутахассисон аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Парлумони кишвар, лоиҳаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и кишвар иштирок доранд.   

    Дар толори баргузории конфронс гӯшаи 50 аксҳои беҳтарин дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Қобили зикр аст, ки журналистон ва суратгирони касбии тоҷик дар озмуни мазкур фаъолона иштирок доштанд.

    Дар доираи баргузории конфронс рӯзи 24 январ аз фотоозмуни «50 лаҳзаҳои оқибатҳои тағйирёбии иқлим», ки дар се номинатсия аз 4 декабри соли 2017 то 15 январи соли 2018 идома дошт, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.      

     Дар номинатсияи «Нақши занон дар истифодаи устувори захираҳои табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» акси бардоштаи рӯзноманигори тоҷик Дидор Саъдуллоев таҳти унвони «Нони сиёҳ» ба гирифтани ҷои аввал мушарраф гашт.

       Ҳамчунин акси пешниҳодкардаи суратгири касбӣ Геннадий Ратушенко дар номинатсияи «Таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба вазъи пиряхҳо ва захираҳои об дар Осиёи Марказӣ» ба гирифтани ҷои сеюм ва туҳфаи қиматбаҳо шарафёб гардид.