Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сада иди фархундаи ниёгони мост

1

Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои  миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби  ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик ин Иди Сада ба шумор меравад. Иди мазкур 50 рӯзу 50 шаб, яъне сад шабу  рӯз пеш аз Наврӯз қайд карда мешавад. Аз ин сабаб онро Сада меноманд, ки ба рӯзҳои 29-30 январи солшумории насронӣ рост меояд. Халқҳои тоҷику форс ақида доштанд, ки дар ин рӯз Худованд заминро офарида, ҷонро дар бадани одамон даровардааст ва дар ин рӯз моҳтоб бори аввал рӯшноӣ афрӯхтааст.

Ҷашни Сада барои мардум пайғоми аз байн рафта истодани  зимистон, пеш омадани баҳор, гармӣ ва нармии хокро меоварад. Пеш аз фурӯзонии оташ мардум сурудхонӣ мекардаанд ва сипас оташро  афрӯхта, бо базму хурсандӣ баромади офтобро  пешвоз мегирифтанд.

Идҳои миллии тоҷикон вобаста ба давру замон ба баъзе дигаргуниҳо дучор мешуданд, яъне  рушду тараққиёти ҳаёти ҷамъиятӣ ба ин ҷашн навгониҳо ворид мекард.

Дар давраи ҳозира Тоҷикистони соҳибихтиёр барои аз нав эҳё кардани ҷашну оинҳои миллии худ кӯшиши зиёд карда истодааст. Зеро идҳо ва ҷашнгирии онҳо дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа аҳамияти  бузург доранд.

30 январ дар мавзеи «Дӯстии халқҳо», ки яке аз фароғатгоҳҳои дилрабои пойтахт ба шумор меравад,  баробари дигар мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок кард ва таҷҳизоти соҳавии худро ба маърази тамошо гузошт. Сокинони пойтахт ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи идона бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ дидан намуданд.

Ҳамчунин рӯзи 30 январ дар Кумита бахшида ба ҷашни Сада чорабинии идона баргузор  гардид. Зимни сухани табрикотӣ  муовини Раиси Кумита Ойхон Шарифова аз ҷашнгирии Сада дар гузашта ёдовар шуда, зиндагардонии онро ҳамчун пос доштани  анъанаҳои пурғановат ва неки ниёгони мо маънидод кард. Гуфта шуд, ки Сада идест инсонҳоро ба ҳамдигар наздик месозад ва меҳру муҳаббатро байни одамон қавӣ мегардонад.

Кормандони сохторҳои тебеи Кумита низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо ва   ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Сада иштирок намуданд.