Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкорӣ дар татбиқи Лоиҳаҳо

Лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” аз тарафи Шӯрои Директорони Бонки Ҷаҳонӣ 29 марти соли 2013 тасдиқ гардид ва 3 октябри ҳамин сол эътибори худро пайдо намуд. Мақсади лоиҳа ин дастгирии ҷомеаи деҳот аст, ки корҳои тарҳрезишудаи лоиҳаро анҷом хоҳанд дод.
Мақсади лоиҳа барои ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсоли маҳсулотҳо ва идоракунии экологии замин равона шуда, дар сатҳи деҳа ба таври грантҳои хурд пешниҳод мешавад, инчунин грантҳо дар сатҳи ҷамоатҳо барои гурўҳи истифодабарандагони чарогоҳҳо ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷудо хоҳанд шуд.
Шарикони асосии лоиҳа Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Барномаи пилотии мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим (Котиботи PPCR) дар Тоҷикистон, ноҳияҳои Фархор, Кўлоб, Ховалинг, Балҷувон, Тавилдара, Ҷиргатол, инчунин Шӯъбаи байналмилалии рушди Британияи Кабир (DFID), Агентии Германия доир ба рушди байналмилалӣ (GIZ) мебошанд.