Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи “С“

Мақсади лоиҳа:
Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи “С“» ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии иқлимӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ равона гардида, маҷмўи чорабиниҳо, ҷиҳати рушд ва мустаҳакамгардонии мақомоти миллии обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфраструктура ва тайёр намудани мутахассисонро дар назар дорад.
Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ба паст гардонидани хавфи офатҳои табиӣ, идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, хоҷагии об, эенергетика ва нақлиёт равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳа маҷмўи чорабиниҳо дар сатҳи стансияҳои обуҳавосанҷӣ, дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва стансияҳои барфу тармасанҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.