Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим»

2015-09-27un-03_s

Муҳтарам ҷанобони ҳамраис,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Қабл аз ҳама, иҷозат фармоед ба созмондиҳандагони муколамаи интерактивии имрӯза, ки ба мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи тамоми башарият – таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёраи мо – бахшида шудааст, изҳори миннатдорӣ намоям.

Тайи даҳсолаи охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот дорад, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад.

Пажӯҳиши чандинсолаи мутахассисони мо аз тақвияти таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Тибқи мушоҳидаҳо, тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи Селсия баланд шудааст; теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ ҳисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд.

Таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад.

Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйироти иқлим дар ҳудуди кишвари мо то як ҳазор пирях нобуд шудааст.

Кишварҳои минтақа захираҳои обро чун унсури асосии рушди устувор эътироф намуда, тағйири даври гидрологиро бо эҳсоси нигаронӣ арзёбӣ менамоянд, зеро он ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, эҳтимоли обхезиҳо ва хушксолиҳои шадидро афзун мегардонад.

Пӯшида нест, ки Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳое мебошад, ки дар паҳнои он тағйироти иқлим аллакай ба пайомадҳои муайяни манфӣ сабаб шудааст.

Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,

Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии гази карбонат ҷои 135-умро ишғол менамояд. Партовҳои газ дар Тоҷикистон дар як сол андаке бештар аз як тоннаро ба сари одам ташкил дода, ҳиссаи партовҳои дахлдори кишвар дар миқёси минтақа ҳамагӣ тақрибан ба 3 фоиз баробар аст. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯ, асосан гидроэнергетика, ба он мусоидат мекунад, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамзамон бо нишондиҳандаҳои пасттарини партовҳои зарарнок ба ҳаво сурат мегирад.

Асоси энергетикаи кишварро нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки тавассути онҳо тақрибан 98 фоизи нерӯи барқ тавлид меёбад, ташкил медиҳад. Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини тавозуни истеҳсолу истифодаи нерӯ аз тариқи таҷдиду тақвияти иқтидори нерӯгоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ, истифодаи нерӯи офтобу бод ва ҷорӣ сохтани усулҳои муассири сарфаи нерӯ чораҳои ҳамаҷониба меандешад. Ҳадафи ин тадбирҳо – дар айни замон – мусоидат ба таъмини амнияти обӣ ва энергетикиву озуқавории минтақа мебошад.

Обанборҳои нерӯгоҳҳо дар навбати худ, дар баробари таъмини танзими боэътимоди бисёрсола ва мавсимии ҷараёни об, ба пешгирии обхезиҳо ва сабуксозии оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд.

Ҳамтоёни гиромӣ,

Тоҷикистон ба масълаи андешидани тадбирҳои мутобиқсозӣ, ки унсури муҳимми рушди устувор мебошанд, аҳаммияти хоса медиҳад. Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии амалиётро оид ба сабук намудани пайомадҳои тағйири иқлим тасдиқ намуд. Тибқи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим се гузориши миллӣ омода карда шуд.

Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳимми Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд.

Илова бар ин, Ҳукумати кишвари мо Барномаи давлатиро оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 тасдиқ намуд. Имсол якҷо бо шариконамон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир мо ба коре оғоз бахшидем, ки он на фақат барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти илмиву амалӣ дорад.

Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳаммияти хоса хоҳад дошт.

Возеҳу равшан аст, ки тадбирҳои самаранок оид ба сабуксозии пайомадҳои тағйири иқлим муттаҳид намудани талошҳои моро дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо доранд. Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои об дар ҳудуди ду кишвар ташаккул меёбанду қисми зиёди истеъмолу истифодаи об ба кишварҳои боқимондаи дигар рост меояд, зарурати таҳияву татбиқи стратегияи минтақавии маҷмӯӣ оид ба мутобиқсозӣ ба тағйири иқлим кайҳо ба миён омадааст.

Босуръат кам шудани масоҳати пиряхҳои минтақа ба иллати тағйири иқлим низ муҳим будани чунин стратегияро таъкид месозад. Стратегияи зикршуда бояд тадбирҳои мутобиқсозиеро фаро гирад, ки дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба таъмини амнияти минтақа дар арсаи об мусоидат намоянд.

Дар фарҷом мехостам таъкид намоям, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба Конфронси қарибулвуқӯи 21-уми ҷонибҳои иштирокдори Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим санадеро бо номи «Саҳми пешбинишаванда ва муайяншавандаи миллӣ» омода кард, ки он арзёбии ҳолати кунунӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаро дар бар мегирад.

Возеҳ аст, ки маблағгузории тадбирҳо оид ба кам кардани партовҳо ва мутобиқсозӣ, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба рушд, аҳаммияти калидӣ пайдо кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолатҳо, изҳори умед мекунем, ки василаҳои нави молиявӣ – Хазинаи иқлимии сармоягузорӣ ва Хазинаи сабзи иқлимӣ – дар ҷодаи амалӣ сохтани чораҳои нақшавӣ ба мо кумаки саривақтию зарурӣ хоҳанд расонид.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

28.09.2015 00:12, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико