Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дӯстони гиромӣ, меҳмонони сайт!

mehmon1

Қабл аз ҳама, мехостам барои таваҷҷуҳ карданатон ба сомонаи мо изҳори ташаккур намоям. Хурсандибахш аст, ки мардуми хирадманди тоҷик дар бистусеюмин солгарди соҳибистиқлолӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Истиқлол ва ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон қуввату тавоноӣ бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард. Воқеан Истиқлол муқаддасоти арзишмандест, ки ба рӯзгори мо шукӯҳу ҷилои тоза эҳдо сохтааст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти миллӣ бо назардошти дарки муҳимиятии масъалаҳои экологӣ якчанд қонунҳоро дар робита ба масъалаҳои афзалиятноки муҳити зист қабул намудааст. Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба узвияти 8 Конвенсияи СММ оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалагузорӣ ва пешниҳодоти мушаххас дар робита ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист миёни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфузи баланд касб намуд. Бахусус ташаббусҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об аз тарафи  ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Эълон гаштани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 ҳамчун «Даҳсолаи амалиёти байналхалқии «Об-барои ҳаёт» аз ҷониби СММ,  Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор миёни дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд. Бояд гуфт, ки дар доираи «Даҳсолаи амалиёти байналхалқии «Об- барои ҳаёт»» дар пойтахти кишвари азизамон – ш. Душанбе чор конфронси сатҳи байналмилалӣ доир гардидааст.
Яке аз воқеаҳои фараҳбахши ҷумҳурӣ дар соли гузашта баргузории Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд бахшида ба “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” мебошад, ки намояндагони беш аз 140 кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар кори он иштирок доштанд. Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистонро мардуми аксар мамлакатҳо ҳамчун кишвари дорои табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, ҳавои тоза ва обҳои мусаффо мешиносанд. Ҳамин аст, ки аз се номинатсияи ба рӯихати Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомилгашта якеаш «Парки миллии  Тоҷикистон»  мебошад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳити зист ва экология пиёда мекунад, фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои ҶТ, дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда, солим нигоҳ доштани  муҳити зист ва беҳ шудани дараҷаи некӯаҳволии аҳолиро аз ҳадафҳои афзалиятноки хеш меҳисобад. Таваҷҷуҳи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, махсусан ба деҳот равона гардидааст. Дар заминаи ин ҳадаф чанде пеш аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи навбатии инвеститсионӣ бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ  таҳти унвонии «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба фаъолият оғоз кард.
Шумо метавонед ҳамаи маълумоти лозимаро оид ба қонунгузории мавҷудаи Тоҷикистон дар самти ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, қонунгузории байналмилалӣ, конвенсияҳои мавҷудаи соҳавӣ, идоракунӣ ва назорати захираҳои табиӣ, тартиби иштирок дар семинару конфронс ва форумҳо ва дигар маводҳои зарурӣ вобаста ба фаъолияти худ ҳамчун танзимгар ва барандаи сиёсати ҳифзи муҳити зист аз сомонаи мазкур дастрас намоед.
Мо мутмаинем, ки он маводу маълумотҳое, ки аз сомонаи мо ба даст меоред, барои Шумо  манфиатнок хоҳад буд.
Аз фурсат истифода бурда, ман Шуморо ба муҳофизат ва тарзи дурусти истифодаи захираҳои табиӣ даъват намуда, бо изҳори боварӣ баён менамоям, ки Шумо дар симои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди дарозмӯҳлатро дарёфт хоҳед намуд.

Хайрулло Ибодзода
Раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон