GEF/UNIDO «Тафсир ва таҷдиди Нақшаи миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», «Ҷамъбасти натиҷаҳои таҷдиди бақайдгирии ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” ва «Муайянкунии самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ»

Барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи марбут ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ таъсис дода шудааст, ки яке аз вазифаҳои асосии он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба танзимдарории партовгоҳҳои заҳрхимикатҳо, бастубандкунии заҳрхимикатҳо то мавриди аз кишвар баровардан ва безараргардонии онҳо ба шумор меравад.
Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дастоварди бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мақсади асосии он ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ифлоскунандаҳои устувори органикӣ мебошад.
Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO) дар нимсолаи аввали соли равон ва амалишавии лоиҳаи GEF/UNIDO «Тафсир ва таҷдиди Нақшаи милли иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», «Ҷамъбасти натиҷаҳои таҷдиди бақайдгирии ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” ва «Муайянкунии самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ»-ро бо маблағи 180 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ намуда истодааст.