Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ

Лоиҳаи дуюм оид ба таъмини шуҳли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ

МАҚСАДҲОИ ЛОИҲА:

1. Омода сохтани ҷойҳои кории муваққатӣ ва барқарорсозии инфраструктураи ирригатсионӣ ва заҳбару заҳбурҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи баланд намудани сатҳи бехатарии озуқавории хонаводаҳо;

2. Баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ дар натиҷаи хуб шудани ҳолати инфраструктураи ирригатсионӣ ва заҳбуру заҳбурҳо;

3. Расонидани кўмак оиди такмили стратегия ва фаъолияти ташкилотҳои идоракунандаи захираҳои об ва бо ин восита беҳтар кардани дастрасии аҳолии камбизоати маҳалҳои кишоварзии минтақаи фарогири лоиҳа ба маҳсулоти ғизоӣ.